Март 19, 2023 10:16 Asia/Dushanbe
  • Табодулоти тиҷории 1 миллиардии Тоҷикистон дар 2 моҳи имсол
    Табодулоти тиҷории 1 миллиардии Тоҷикистон дар 2 моҳи имсол

Арзиши табодулоти тиҷории Тоҷикистон дар ду моҳи имсол ҳудуди 1 миллиард доллар буда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин мизон дар муқоиса ба муддати мушобеҳи соли қабл 124 миллион доллар камтар аст дар ин муддат 231 миллион доллар коло ва маҳсулот аз Тоҷикистон содир шуд, ки нисбат ба январ то феврали соли 2022 тақрибан 50 миллион доллар камтар аст.

Бештари маҳсулоти содироти аз Тоҷикистонро маводи маъданӣ семент, санги маъдан, барқ, фулузот ва сангҳои қиматбаҳо, алюминюм, масолҳеи бофандагӣ ва фаровардаҳои  он буд беш аз 60 дарсад тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба се кишвар Русия 22 дарсад, Чин 21 дарсад ва Қазоқистон 20 дарсад ихтисос дорад.

Арзиши воридоти коло ва маҳсулот низ дар ин муддат 787 миллион доллар буд, ки нисбат ба моҳои январ то феврали соли қабл 9.5 дарсад коҳиш дошта аст.

Барчасп