Истиқболи итолиёиҳо аз шоҳномахонии кӯдакони эронӣ дар Рум
(last modified Fri, 24 Feb 2017 13:35:15 GMT )
Феврал 24, 2017 18:35 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи итолиёиҳо аз шоҳномахонии кӯдакони эронӣ дар Рум

Шоҳномахонии гурӯҳе аз кӯдакону навҷавонони эронӣ ба номи гурӯҳи "сафирони сулҳу дӯстӣ" дар шаҳри Рум, мавриди истиқболи итолиёиҳо қарор гирифт.

Ба гузориши ИРНА, як гурӯҳи панҷнафара аз кӯдакону навҷавонони эронӣ аз гурӯҳи шоҳномахони “сафирони сулҳу дӯстӣ” бо ҳамкории Ройзании фарҳангии Эрон дар Италия, дар мадрасаи ибтидоии Федерико Флинӣ ва мадрасаи роҳнамоии Колосонтзю дар шаҳри Рум, бо хондани достонҳое аз "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, шоири ҳамосасарои эронӣ ба забонҳои форсӣ ва итолиёӣ, донишомӯзони ин мадорис ва ҳозиронро маҷзуби худ кард.

Гурӯҳи “сафирони сулҳу дӯстӣ” як гурӯҳи мардумниҳод (NGO) аст, ки бо ҳадафи тарвиҷи фарҳангу тамаддуни эронӣ-исломӣ барои иҷрои барномаҳое монанди шоҳномахонӣ ба дигар кишварҳо сафар мекунад.

Ин кӯдакони эронӣ, ошно ба чанд забон ҳастанду бо рӯйкарди адабиёти достонӣ ба даври дунё сафар мекунанд то паёми сулҳу дӯстии Эронро бо достонҳои эронӣ ба ҷаҳониён бирасонанд.