Июн 10, 2017 09:47 Asia/Dushanbe

Охирин видеои мунташиршуда аз охирин нишасти афроди гурӯҳи такфирии ДИИШ пеш аз амалиёти террористӣ дар Теҳрон нишон медиҳад, ки дар ин нишаст барои аз байн бурдани шиаён дар Эрон ҳампаймон шуда буданд.

Дар ин видеое, ки телевизиони "Аъмоқ", вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ онро мунташир кардааст, яке аз террористҳо ба забони курдӣ, ки ба арабӣ низ зернавис мешавад, гурӯҳи худро аз лашкариёни ба истилоҳ давлати исломӣ (ДИИШ) муаррифӣ ва ҳадафашонро нобудии шиаёни Эрон эълом мекунанд.

Вай аз аҳли суннати Эрон мехоҳад, ки ба онон мулҳақ шаванд ва алайҳи шиаёни Эрон қиём кунанд.

Ин террорист бо тарҳи ин иддао, ки тардиде дар куфри шиаён вуҷуд надорад, ин гурӯҳ аз мусалмононро сари афъӣ мехонад ва рехтани хуни ононро воҷиб мешуморад ва дар иддаое музҳик ваъда медиҳад, ки ҳамаи шиаёнро хоҳем кушт ва марде аз ононро боқӣ нахоҳем гузошт.

Вай ҳамчунин дар интиҳои суханони худ Оли Саудро таҳдид мекунад, ки баъд аз Эрон навбати шумост.

Барчасп