Ба итмом расидани захоири воксини инсулини ройгон дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон захоири воксини инсулини ройгон барои беморони диабети қанд ба итмом расидааст.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 13 июл зимни тайиди ин хабар гуфт, теъдоди андаки доруе, ки боқӣ мондааст, танҳо барои кӯдакони бемор пешбинӣ шуда, он ҳам то охири августи соли ҷорӣ кифоят мекунаду бас.
Оқои Салимзода, ки дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба суолоти хабарнигорон посух мегуфт, афзуд, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои дарёфти воксини инсулин ба созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон ва мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кардааст.
Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 34 ҳазор нафар беморони диабети қанд сабти ном шудаанд, ки аз ин миён 3,5 ҳазор нафар ба инсулини ройгон ниёз доранд.
Ҷиҳати харидории миқдори зарурии воксини инсулин барои беморони ниёзманд 5 миллион сомонӣ дар як сол зарур аст.
Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, сабаби аслии вазъи бавуҷудомада ин аст, ки дар буҷаи давлати Тоҷикистон барои соли 2016 харидории инсулин барои беморони қанд дар ин кишвар пешбинӣ нашудааст.
Бояд гуфт, ки замони баррасии тарҳи буҷаи соли 2016 дар порлумон Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз вазири молияи Тоҷикистон тақозо карда буд, ки барои ҳалли ин масъала чораҳои таъхирнопазир андешад.
Он замон Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон ваъда дод, ки ин мушкил дар зудтарин фурсат ҳалли худро меёбад, аммо ба гузориши расонаҳо то ҳол иқдоме дар ин замина сурат нагирифтааст.
Дар ҳамин ҳол воксини инсулин дар дорухонаҳо мавҷуд аст, аммо як ампули он аз 120 то 180 сомонӣ арзиш дорад, ки на ҳама беморони қанд тавони харидории онро доранд.
Аз сӯйи дигар хабаргузории "Азия-плюс" бо такя ба манобеи хеш навиштааст, ки дар солҳои 2010 ва 2011 дар Тоҷикистон ба далели норасоии инсулини ройгон наздики 100 нафар беморони қанд ҷони хешро аз даст доданд.