Июл 13, 2016 21:28 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони пайвастан ба ДИИШ дар Афғонистон

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми пайвастан ба гуруҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон боздошт шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон бо нашри як навори видеоӣ ин ду нафарро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардаву гуфтааст, ки онон бо ҳадафи ширкат дар "ҷиҳод" алайҳи неруҳои хориҷӣ вориди Афғонистон шудаанд.

Ин афрод бо номҳои Эҳсонуллоҳ Тураев ва Осим Довудӣ тавассути неруҳои амнияти миллии Афғонистон дар вилояти Нангарҳор боздошт шудаанд.

Авзои печидаи Афғонистон пайваста нигаронии мақомоти амниятии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба бор овардааст.

Қудрат гирифтани дубораи Толибон ва нуфузи ДИИШ дар ин кишвар рисолати неруҳои НАТО, мустақар дар Афғонистонро низ зери суол бурдааст.

Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон ахиран дар як нишасти хабарӣ дар мавриди тавофуқи ҷадиди НАТО бо давлати Кобул гуфт: "Суқути Қундӯз ва афзоиши нуфузи Толибон дар сафаҳоти шимол баёнгари ин нукта аст, ки дар ин кишвари ҳамсоя дасисаҳои пинҳоне дар ҷараён аст".

Гуфтанист, боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Афғонистон ба иттиҳоми пайвастан ба гуруҳи террористии ДИИШ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки рӯзи гузашта раиси Кумитаи дини Тоҷикистон аз коҳиши гароиши ҷавонони ин кишвар ба гуруҳҳои ифротӣ хабар дода буд.