5 одати рӯзона барои хушҳол будан
(last modified Mon, 02 Sep 2019 09:10:28 GMT )
Сентябр 02, 2019 14:10 Asia/Dushanbe
  • 5 одати рӯзона барои хушҳол будан

Дунёи имрӯз пур аз стресс ва изтироб аст, пас дар чунин дунёе бояд биёмӯзем, ки чигуна хушҳол шавем ва чи чизҳое метавонад зиндагии моро шод ва ором кунад. Ин ки дар зиндагӣ чигуна ба оромиш бирасем бисёр муҳим аст.

Хандидан: лабханд боис мешавад, ки мағзи мо допамин озод кунад, ки ин гормон боиси шодӣ ва хушҳолӣ мешавад.

Варзиш кардан: варзиши рӯзона метавонад стресс, асабоният ва хашму афсурдагиро коҳиш диҳад ва дар айни ҳол эътимод ба нафс ва хушҳолиро афзоиш диҳад. Ҳатто чанд ҳаракати варзишии сода ва кучак низ метавонад тағйири басазое дошта бошад.

Хобидан: хоби кофӣ барои саломати бадан ва амалкарди мағз бисёр зарурӣ ва муҳим аст. Бештар бузургсолон ба 7 то 8 соат хоб дар рӯз ниёз доранд ва агар дар тули рӯз эҳсоси хастагӣ мекунад ва дилатон мехоҳад чурт бизанед дар воқеъ бадани шумо мегуяд, ки шумо ба истироҳат ниёз доред.

Ғизо хурдан: ғизо таъсири басазое дар саломати ҷисм дорад, аммо баъзе аз ғизоҳо бар руи зеҳни мо низ таъсир мегузоранд. Барои мисол: карбугидрат дар бадан серотонин ё ҳамон гормони хушҳолӣ озод мекунад. Фақат ба ёд дошта бошед, ки мизони масрафи карбугидратҳои сода, ки қанди онҳо зиёд астро кам кунед ва дар иваз аз сабзавот, мағзҳо (мисли чормағз ва ...) ва ғаллот бештар истифода кунед. Гушт, мурғ, ҳубубот ва лабаниёт дорои протеини болое ҳастанд. Ин ғизоҳо гормонҳое тавлид мекунанд, ки боиси афзоиши энержӣ ва тамаркуз мешавад.

Нафаси амиқ, ҳангоме, ки асабӣ ва ноумед ҳастед ғаризаатон ба шумо мегуяд як нафаси амиқ бикашед, то ором шавед. Дар воқеъ ғаризаи шумо комилан дуруст мегуяд. Ҳангоме ки эҳсоси таниш ё стресс доштед, чашмони худро бибандед, як хотираи хушҳолкунанда ва шод ё як манзараи зеборо ба ёд оваред, як нафаси оҳиста ва амиқ аз тариқи бинӣ бикашед ва ба оромӣ аз даҳон ё бинии худ онро хориҷ кунед. Ин просаро чандин бор такрор кунед, то замоне. ки эҳсоси оромиш кунед.