Устураҳои Шоҳнома дар Русия+видео
Январ 26, 2020 10:57 Asia/Dushanbe
Нақош ва муҷассамасози машҳур Сергей Фофанов тозатарин нақшнигораҳо ва осори ҳаҷмии устоди русӣ бо мавзӯи устураҳои Шоҳномаи Фирдавсӣ дар китобхонаи Маскав ба намоиш даромадааст.
Дар маросими рӯнамоӣ аз ин осори ҳунарӣ, ки сафирон ва мақомоти Эрон, Русия, Тоҷикистон, Афғонистон ва низ андешмандон ва шахсиятҳои фарҳангии ин кишварҳо ҳузур доштанд, даҳҳо асари арзишманди наққошӣ ва муҷассамаҳои асотирӣ, баргирифта аз шеърҳои Шоҳномаи Фирдавсӣ дар маърази дид қарор гирифт.