Чойи сиёҳ хатари фаромушхотириро коҳиш медиҳад
Мутолиоти муҳаққиқон нишон медиҳад, ки масрафи як финҷон чойи сиёҳ ба пешгирӣ аз бемории фаромушхотирӣ ва ҳифзи саломатии давраи пиронсолӣ кумак мекунад.
Ба нақл аз Форс, муҳаққиқон дар тозатарин баррасиҳои худ дарёфтанд, ки масрафи як пиёлаи чойи сиёҳ дар ҳаршаб метавонад риски заволи ақл ва дар ниҳоят фаромушхотириро ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш диҳад.
Муҳаққиқони донишгоҳи Рош дар Шикаго бо таҳти назар гирифтани беш аз 900 солхурда ба муддати 12 сол ба ин натиҷа расиданд, ки масрафи маводи ғизоии саршор аз флавоноид ҳамчун чойи сиёҳ риски ибтило ба фаромушхотириро ба нисф коҳиш медиҳад.
Бар асоси ин пажуҳиш, Флавоноидҳо асари антиаксидонӣ доранд ва баданро дар баробари бештари бемориҳои музмин муҳофизат мекунанд.
Муҳаққиқон ҳамчунин муътақиданд, ки масрафи маводи ғизоии саршор аз Флавоноидҳо ҳамонанди себ, чойи сиёҳ, равғани зайтун, нок, мандарини ва калам метавонад хатари ибтило ба саратон ва бемориҳои қалбиро низ коҳиш диҳад.