Истифода аз василаҳои сармодиҳӣ ибтило ба коронаро афзоиш медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i55133-Истифода_аз_василаҳои_сармодиҳӣ_ибтило_ба_коронаро_афзоиш_медиҳад
Раиси бемориҳои сироятии Вазорати беҳдошт гуфт: Истифода аз кондитсионер ва василаҳои сармодиҳӣ ҳангоми баста будани дару тиреза дар муҳитҳои баста боиси афзоиши интиқоли корона мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 05, 2020 14:18 Asia/Dushanbe
  • Истифода аз василаҳои сармодиҳӣ ибтило ба коронаро афзоиш медиҳад

Раиси бемориҳои сироятии Вазорати беҳдошт гуфт: Истифода аз кондитсионер ва василаҳои сармодиҳӣ ҳангоми баста будани дару тиреза дар муҳитҳои баста боиси афзоиши интиқоли корона мешавад.

Ҳусайни Ирфонӣ, раиси идораи муроқибати бемориҳои сироятии Вазорати беҳдошт дар гуфтугӯ бо Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, бо ишора ба вазъияти фаъолияти вируси корона дар Эрон изҳор кард: Дар ҳоли ҳозир ваксинаи шинохташудае ба сурати расмӣ ва ихтисосӣ барои бемории корона дар ҳеҷ куҷои дунё сохта нашуда ва дар дастрас нест.

Вай идома дод: Бар асоси охирин ёфтаи донишмандон ва муҳаққиқон гармо яке аз омилҳои таъсиргузор дар фаъолияти вируси круно аст ва дамои муҳит ба танҳоӣ наметавонад омиле дар заминаи муқовимати вируси КОВИД-19 бошад.

Ирфонӣ таъкид кард: Дар ҳоли ҳозир шуйюи бемории корона дар ҷомеа таҳти таъсири омилҳои мухталифе аст, агар гармо таъсири хоссе бар фаъолияти вируси корона дошт набояд шоҳиди буруз ва шуйюи ин эпидемӣ дар минтақаҳои гармсери кишвар монанди Хузистон будем.

Ирфонӣ гуфт: Дар муҳитҳои гарм ва мнтақаҳои гармсерӣ ба далели ин ки афрод бештар дар хона мемонанд, бо бастани дару тиреза ва равшан кардани кондитсионер ва василаҳои сармодиҳӣ эҳтимоли интиқоли вируси корона афзоиш пайдо мекунад.

Ӯ афзуд: Дар ҳоли ҳозир риояти беҳдошт, фосилагирии иҷтимоӣ ва шустушӯи дастҳо ба маротиб таъсираш дар пешгирӣ аз корона бештар аз гармои муҳит аст.

Раиси идораи муроқибати бемориҳои сироятии Вазорати беҳдошт баён кард: Барои контроли беморӣ мардум бояд ҳатман аз ниқоби тиббӣ дар ҳангоми хуруҷ аз хона ва ба хусус дар замони равуо дар сатҳи шаҳр ва марокизи серодам истифода кунанд то чархаи интиқоли вируси корона қатъ шавад.