Июл 15, 2020 11:55 Asia/Dushanbe

Саид ибни Товус дар китоби Ал-Иқбол бил-аъмолилҳасана мегӯяд: Дар баъзе аз китобҳои донишмандони ғайр араб дидаам, ки зиёрати имом Ризо (а) дар рӯзи 23 зилқаъда, аз наздик ё дур, ба василаи яке аз зиёратҳои маъруф ё он чи, ки монанди зиёрат аст, мустаҳаб аст. Албатта бояд ёдовар шуд, ки дар ривояте, имом Ризо (а) дар ин рӯз ба шаҳодат расидаанд. Аз ин рӯ зиёрати имом, савоби вижае дорад. Имрӯз 15 июл баробар бо 23 зилқаъда рӯзи зиёрати ҳазрати Алӣ ибни Мусарризо алайҳиссалом аст.

Барчасп