Шиносоии 6 навъи бемории КОВИД-19 бо нишонаҳои мухталиф
Мутолиаи муҳаққиқони британияӣ нишон медиҳад бемории КОВИД-19 танҳо як беморӣ нест балки 6 навъи мутафовити беморӣ аст.
Ба гузориши хабарнигори Меҳр, ба гуфтаи муҳаққиқон, ҳар як аз ин 6 навъи бемории КОВИД-19 аз лиҳози шиддати беморӣ ва мизони ниёз ба ҳимояти танаффусӣ дар тӯли бистарӣ будан дар бемористон мутафовит ҳастанд.
Сурфа, таб ва аз даст додани ҳисси буёӣ аз нишонаҳои ошкори бемории КОВИД-19 ҳастанд, аммо тайфе аз нишонаҳои дигар назири сардард, дарди азулаҳо, хастагӣ, исҳол, сардаргумӣ ва гиҷӣ, аз даст додани иштиҳо, тангии нафас ва мавориди дигар ҳам метавонанд вуҷуд дошта бошанд.
Муҳаққиқони коллеҷи Кинги Лондон дар ин мутолиа додаҳои 1600 фарди беморро баррасӣ карданд.
6гуруҳи нишонаҳо аз камтарин шиддат то бештарин шиддат ба тартиб иборатанд аз:
1. Сардард, аз даст додани ҳисси буёӣ, дарди азулаҳо, сурфа, гулӯдард, дарди қафасаи сина, бидуни таб.
2. Сардард, аз даст додани ҳисси буёӣ, сурфа, гулӯдард, кӯфтагӣ, таб, аз даст додани иштиҳо.
3. Сардард, аз даст додани ҳисси буёӣ, аз даст додани иштиҳо, исҳол, гулӯдард, дарди қафасаи сина, бидуни сурфа.
4. Сардард, аз даст додани ҳисси буёӣ, сурфа, таб, кӯфтагӣ, дарди қафасаи сина, касолат ва хастагӣ.
5. Сардард, аз даст додани ҳисси буёӣ, аз даст додани иштиҳо, сурфа, таб, кӯфтагӣ, гулӯдард, дарди қафасаи сина, хастагӣ ва касолат, сардаргумӣ ва гиҷӣ, дарди азулаҳо.
6. Сардард, аз даст додани ҳисси буёӣ, аз даст додани иштиҳо, сурфа, таб, кӯфтагӣ, гулӯдард, дарди қафасаи сина, хастагӣ ва касолат, сардаргумӣ ва гиҷӣ, дарди азулаҳо, тангии нафас, исҳол, дарди шикамӣ.
Муҳаққиқон эътироф мекунанд се навъи охир бо шадидтарин ҳолати беморӣ муртабит ҳастанд.
Доктор Клер Стивз- сарпарасти тими таҳқиқ, дар ин бора мегӯяд: Ин ёфтаҳо дорои мафоҳими муҳиме барои дармон ва контроли афроде аст, ки бисёр дар ибтило ба КОВИД-19 осебпазир ҳастанд.
Ин таҳқиқот нишон медиҳад танҳо 16 дарсад аз беморони гуруҳи як ниёз ба муроҷиа ба бемористон доранд дар ҳоле, ки тақрибан ниме аз беморони навъи 6 ниёз ба бистарӣ шудан дар бемористон доранд. Ҳамчунин навъи панҷум ва шашум метавонанд кушанда бошанд. Ҳамчунин беморони мубтало ба анвоъи шиддатёфта ағлаб аз миёни солхурдагон ва афроде бо пешзаминаи беморӣ ва заъфи системи эминӣ ҳастанд.