Октябр 26, 2020 15:55 Asia/Dushanbe

Пас аз эъломи оддисозии равобити давлати Судон бо режими саҳюнистӣ, иддае аз мардуми Судон, парчами режими саҳюнистиро ба оташ кашиданд.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон,  дақиқаҳое пас аз эъломи оддисозии равобити давлати Судон бо режими саҳюнистӣ ва хиёнат ба мардуми мазлуми Фаластин, бархе аз мардуми огоҳ ва муъмини Судон ба хиёбонҳо рафтанд ва дар эътироз ба ин иқдоми бе‌шармона, парчами режими саҳюнистиро ба оташ кашиданд.