Обшори Тиркан, мӯъҷизаи ҳафтгонаи Эрон
(last modified Mon, 21 Jun 2021 09:28:15 GMT )
Июн 21, 2021 14:28 Asia/Dushanbe

Обшори ҳафтгонаи Тиркан, ки дар устони Мозандарон воқеъ шудааст, дорои ҳафт обшори хурд ва бузург аст, ки метавон аз он бо номи сарзамини аҷоиби ҳафтгонаи Эрон ёд кард.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Порс, об яке аз далоили сафари мусофирон ба шимоли кишвар ва қадам задан дар табиати бениҳоят зебои он астю

Дар аъмоқи ҷангалҳои Ҳиркании шимоли Эрон, об сафари душвореро барои расидан ба бузургтарин кӯли ҷаҳон, ба дарёи Хазар ( баҳри Каспий) оғоз мекунад.

Ҳамин тавр, бо рехтани об аз сангҳо ҳафт шаршара ва ҳавзҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд.