Ардуғон : Масҷидулақсо хати сурхи мост
(last modified Thu, 06 Apr 2023 13:25:13 GMT )
Апрел 06, 2023 18:25 Asia/Dushanbe
  • Ардуғон : Масҷидулақсо хати сурхи мост

Раиси ҷумҳӯри Туркия дар вокуниш ба ҳамлаи саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо эълом кард: Тавҳин ба Масҷидулақсо ва поймол шудани ҳурмати ҳарами шариф барои Анқара хати сурх аст .

Ба гузориши хабаргузории Анатолия, низомиёни режими саҳюнистӣ дар ҷадидтарин ҷиноёти худашон бомдоди дируз ( чаҳоршанбе ) ба мӯътакифони дохили Масҷидулақсо ҳамла карда ва онҳоро мавриди зарбу ҷарҳ қарор доданд ва шумори зиёдеро захмӣ ва боздошт карданд, ки вокуниши густардаи минтақаиро ба дунбол доштааст
Раҷаб Тайиб Ардуғон дишаб зимни маҳкум кардани иқдомоти густохонаи саҳюнистҳо зидди қиблаи аввали мусулмонон, поёни ҳарчӣ зудтари ҳамалоти нафратангези неруҳои исроилӣ ба Масҷидуалақсоро хостор шуд.