Апрел 11, 2023 10:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳазорон нафар аз сокинони шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфа дар эътироз ба изҳороти Натанёҳу тазоҳурот карданд
    Ҳазорон нафар аз сокинони шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфа дар эътироз ба изҳороти Натанёҳу тазоҳурот карданд

Ҳазорон нафар аз сокинони шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфа дар эътироз ба изҳороти нахуствазири режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд .

Бинёмин Натанёҳу,нахуствазири режими саҳюнистӣ душанбешаб бо муқассир донистани мавзегирии аҳзоби оппозисюн дар кумак ба тероризм дар Фаластини ишғолӣ муддаӣ шуд, ки сарпечии неруҳои захираи артиш аз ҳузур дар хизмат боиси афзоиши амалиётҳои гуруҳҳои муқовимати Фаластин шудааст.
Ба гузориши вебгоҳи Таймс Исроил, ҳазорон нафар аз сокинони шаҳрҳои шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфа дар эътироз ба изҳороти Натанёҳу дар бораи муқассир донистани аҳзоби оппозисюн барои афзоиши ноамнӣ дар Фаластини ишғолӣ ва амалиётҳои гуруҳҳои муқовимат тазоҳурот карданд .
Тазоҳуроткунандагон дар шаҳри Тел-Авив бо ҳузур дар чаҳорроҳи Азерили воқеъ дар бузургроҳи Аялон боиси мухтал шудани ҳаракати худравҳову эҷоди роҳбандон дар ин масири аслӣ шуданд . Полиси режими саҳюнистӣ низ, ки бо кашидани сими хордори атрофи бузургроҳи Аялон натавониста буд монеъи вуруди муътаризон ба ин ҷода шавад, барои мутафарриқ кардани тазоҳуроткунандагон ба онҳо ҳамла кард .
Камаш ду нафар аз муътаризон ба Натанёҳу, ки дар тазоҳуроту бастани масирҳо ҳузур доштанд, тавассути полис ва неруҳои амниятӣ боздошт шуданд .
Авигдор Либерман-вазири хориҷаи собиқи режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба изҳороти Натанёҳу гуфт, ки вай фарди муносибе барои нахуствазирӣ нест .
 
Бештар бихонед :

 

Барчасп