Апрел 24, 2023 18:59 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ҷавони фаластинӣ дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба яке аз урдугоҳ
    Шаҳодати ҷавони фаластинӣ дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба яке аз урдугоҳ

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо юриш ба урдугоҳи фаластиниҳо дар шаҳри Арайҳо як ҷавони фаластиниро ба шаҳодат расонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон манобеъи маҳали аз шаҳодати як ҷавони фаластинӣ ба номи Сулаймон Оиш ба зарби гулулаи низомиёни ишғолгари саҳюнист  дар ҷараёни ҳамлаи субҳи имруз душанбе онҳо ба яке аз урдугоҳ дар Арайҳо хабар доданд.

Саҳюнистҳо ҷасади ин ҷавони шаҳиди фаластиниро мутавақиф карда ва аз таҳвили он ба тарафи фаластинӣ худдори карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки низомиёни ишғолгари саҳюнист бомдод ва субҳи имруз ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтари юриш бурда ва 18 нафарро дар шаҳрҳои Нобулс, Ҷанин ва Алхалил боздошт карданд.

Низомиёни саҳюнист шаби гузашта низ ба манотиқи дар Каронаи Бохтари юриш бурданд ва бо неруҳои муқовимати Фаластин даргир шуданд.