Май 05, 2023 16:42 Asia/Dushanbe
  • юриши низомиёни саҳюнист
    юриши низомиёни саҳюнист

Манобеи фаластинӣ аз юриши низомиёни саҳюнист ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ хабар доданд.

Саҳюнистҳо солҳост барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш мебаранду фаластиниёнро шаҳид, маҷруҳ ва ё боздошт мекунанд.

Ба гузориши “Фаластин алявм”, низомиёни режими саҳюнистӣ имрӯз - ҷумъа ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ юриш бурданд.

Бар асоси ин гузориш, низомиёни саҳюнист бо ҳамла ба Ҷанину Алхалил, даҳҳо фаластиниро боздошт карданд.

Дар ҷараёни ин ҳамалоти ваҳшиёна даргириҳое миёни фаластиниёну низомиёни саҳюнист рух дод, ки дар пайи онҳо даҳҳо фаластинӣ захмӣ шуданд.

 

Барчасп