Май 09, 2023 11:47 Asia/Dushanbe

Расонаҳои фаластинӣ бомдоди сешанбе аз вуқуъи инфиҷорҳои даҳшатнок дар ғарбу маркази шаҳри Ғазза хабар доданд .

Ба гузориши хабаргузории Шаҳоб, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ барои террори ҳадафманди аъзои аршаду сарони ҷумбиши Ҷиҳоди исломӣ ба шаҳрҳои Ғазза, Рафаҳ ва Хон Юнус ҳамла карданд .
Артиши режими саҳюнистӣ эълом кард амалиёти низомии ҷадидеро алайҳи навори Ғазза оғоз карда ва ҳамалот ба мавозиъи ҷумбиши муқовимати Ҷиҳоди исломӣ идома хоҳад дошт .

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ эълом кард мавозиъи гуруҳи муқовимати Ҷиҳоди исломӣ дар навори Ғазза ва манотиқе аз шаҳри Рафаҳ-воқеъ дар навори Ғазза ҳадафи ҳамалоти ҷангандаҳои саҳюнистӣ қарор гирифтааст .
Шабакаи Аларабия ба нақл аз манобеи бемористонии Фаластин гузориш дод дар ҳамлаи бомдоди сешанбеи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза дастикам 12 тан шаҳид ва 20 тани дигар захмӣ шуданд .
Хабаргузории фаластинии « Сафо » низ гузориш дод ҳамалоти шадиде ба шаҳри Хон Юнус тавассути ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ анҷом шуд ва дастикам 3 нафар аз аъзои аршади ҷумбиши Ҷиҳоди исломӣ дар ин ҳамалот ба шаҳодат расиданд ва чандин маҷрӯҳ бо ҳоли вахим ба бемористон мунтақил шудаанд .
Расонаҳои саҳюнистӣ аз ҷумла Ядиут иддао мекунанд Ҷиҳод Алғаном, Халил Албаҳтинӣ  ва Муборак Иззуддин,фармондеҳоне ҳастанд, ки дар ҳамалот ба Рафа, Ғазза ва Хон Юнус ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп