Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ: Дар посух ба ишғолгарон таъхир нахоҳад кард
(last modified Tue, 09 May 2023 15:04:51 GMT )
Май 09, 2023 20:04 Asia/Dushanbe
  • Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ: Дар посух ба ишғолгарон таъхир нахоҳад кард
    Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ: Дар посух ба ишғолгарон таъхир нахоҳад кард

Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар вокуниш ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғаза эълом кард гуруҳҳои муқовимат дар посух ба ишғолгарон таъхир нахоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати беҳдошут дармони навори Ғаза эълом кард дар ин ҳамла 13 фаластинӣ ба шаҳодат расид ва беш аз 20 нафар аз ҷумла чанд зану кудак маҷруҳ шуданд се узви аршади ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ низ дар миёни шуҳадо буданд.

Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар баёнияи душмани саҳюнистиро масъули комили ин куштори террористии хоинона донист ва таъкид кард: Душман бо ин ҷиноят ба аҳдофи худ нахоҳад расид чаро ки муқовимат якпорча ва мавозеъаш собит аст.

Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид кард Сариюлқудс дар канори дигар ҷиноҳои муқовимат ҳаргиз дар баробари интиқоми хуни поки ин шуҳадо кутоҳ нахоҳад омад.

Дар баёнияи ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ омада аст: Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ дар наҳзати худ баро идомаи масир ва анҷоми вазоифи муқаддасаш дар муқовимати Фаластин дар баробари душман муасмамтар буда ва мисли ҳамеша пушти гурдонҳои Алқудс мардон ва сарбозони бурунманди он истода аст.

Ториқ Салими сухангуи ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ низ гуфт: Душмани саҳюнистӣ товони ин ҷиноятро хоҳад дод ва мо вазифаи худро барои посух ба ин ҷиноят анҷом хоҳем дод.