Май 14, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳания: Аз Эрон ва Ҳизбуллоҳ ташаккури вижа дорем

Раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ба тамҷид аз ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрону Ҳизбуллоҳ аз муқовимати Фаластин пардохт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷангандаҳои артиши режими ишғолгари саҳюнистӣ аз рӯзи сешанбе то ҷумъа барои чаҳорумин рӯзи мутаволӣ бо идомаи ҳамалоти худ, манотиқи мухталифе аз Борикаи Ғаззаро ҳадаф ва дар посух ба ин ҳамалот, гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ дар амалиёте мавсӯм ба «интиқоми озодагон» умқи сарзаминҳои ишғолӣ, аз ҷумла Қудси ғарбиро бо мӯшак ҳадаф қарор доданд.

Неруҳои муқовимати Фаластин низ дар аввалин вокуниши мушакии худ ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ чандин фарванд мӯшак ба самти шаҳракҳои саҳюнистнишин дар сарзаминҳои ишғолӣ шиллик карданд.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос зимни тамҷид аз утоқи амалиёти муштараки гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар посух ба таҷовузоти ахири режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза, аз ҳамаи касоне, ки аз мардуми Фаластин ҳимоят карданд, бавижа Эрону Ҳизбуллоҳ ташаккур кард.

Ҳания гуфт, гуруҳҳои муқовимат аз тариқи утоқи амалиёти муштараки кантроли авзоъро дар даст гирифтанду амалиёти интиқоми озодагонро зидди неруҳои низомии режими саҳюнистӣ мудирият карданд.

Ҳания афзуд, гуруҳҳои муқовимат талоши душман барои эҷоди муъодилоти ҷадидро ноком гузоштанду якпорча амал карданд.

Бештар бихонед:

Ал Нахола: Размандагони муқовимат омодаи муқобила бо таҷовузгарии душман ҳастанд

 

Барчасп