Май 17, 2023 09:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос хостори муқобила бо роҳпаймоии парчами Исроил шуд

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) хостори муқобила бо роҳпаймоии парчами Исроил шуд.

Маросими роҳпаймоии парчам тавассути созмонҳои нажодпарасти саҳюнистӣ ва шаҳракнишинони ифротӣ, барномарезӣ шуда ва саҳюнистҳо бо таҷаммуъ дар хиёбонҳои Қудси ишғолӣ ва такони додани парчами режими ҷаълии Исроил, бар лузӯми поксозии нажодӣ алайҳи фаластиниҳо таъкид хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳорун Носириддин, узви дафтари сиёсии Ҳамос аз миллатҳои арабӣ ва исломӣ хост дар роҳпаймоии эъломи ҳимоят аз мардуми Фаластин дар баробари хатари роҳпаймоии парчамҳои исроилӣ дар Қудс ширкат кунанд.

Ҷумбиши Ҳамос бо интишори баёнияе ба режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ҳокимияти ин режим бар Қудс фақат таваҳҳум аст ва ин шаҳр ҳамвора исломӣ-арабӣ аст.

Ҳаракати ҷавонони мардумӣ дар Қудс низ аз мардум хост дар тамоми манотиқи Фаластин, парчами Фаластинро ба нишонаи эътироз ба баргузории роҳпаймои парчамҳои исроилӣ барафрошта кунанд.

 

Барчасп