Май 18, 2023 10:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Режими саҳюнистӣ дар шикасти мавҷи муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ ноком монд
    Ҳамос: Режими саҳюнистӣ дар шикасти мавҷи муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ ноком монд

Сухангӯи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо ишора ба нокомии режими саҳюнистӣ дар шикасти мавҷи муқовимат дар Каронаи Бохтарии руди Урдун таъкид кард, муқовимат дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Муҳаммади Ҳамода сухангӯи Ҳамос дар Қудси ишғолӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Ал-Масира гуфт, режими саҳюнистӣ гумон мекард андешаи муқовиматро аз  зенҳои фаластиниён пок хоҳад кард аммо бо насли ҷаддиде мувоҷҷеҳ шуд, ки бо вуҷҷӯди он, ки интиқозаро мушоҳида накарда аммо бо қудрат дар баробари душман меистад.

Ҳамода бо ишора ба ин, ки посӯхи муқовимат танҳо ба борикаи Ғаза мунҳасир нест ва режими саҳюнистӣ масъули комили таҷовузот алайҳи Масҷидул Ақсо аст изҳор кард, ҳамаи гузинаҳо рӯи миз аст ва муқовимат пеш аз ин дар ҷабҳаҳо ва маёдини мухталиф бо таҷовузот алайҳи Қудс муқобила кардааст. 

Барчасп