Ҳамос: Амалиёти Ҳаввараҳ посӯхи табиӣ ба ҷиноёти фазояндаи режими ишғолгар буд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i102552-Ҳамос_Амалиёти_Ҳаввараҳ_посӯхи_табиӣ_ба_ҷиноёти_фазояндаи_режими_ишғолгар_буд
Сухангӯи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) якшанбе шаб гуфт: Амалиёти шаҳраки Ҳаввараҳ, ки мунҷар ба захмӣ шудани як низомии саҳюнист шуд, посӯхи табиӣ ба ҷиноёти фазояндаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 22, 2023 09:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Амалиёти Ҳаввараҳ посӯхи табиӣ ба ҷиноёти фазояндаи режими ишғолгар буд
    Ҳамос: Амалиёти Ҳаввараҳ посӯхи табиӣ ба ҷиноёти фазояндаи режими ишғолгар буд

Сухангӯи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) якшанбе шаб гуфт: Амалиёти шаҳраки Ҳаввараҳ, ки мунҷар ба захмӣ шудани як низомии саҳюнист шуд, посӯхи табиӣ ба ҷиноёти фазояндаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Муҳаммад Ҳамода афзӯд: Ҳамаи талошҳо барои тазъифи мардуми мо ва дилсард кардани онҳо аз пружаи муқовимат ба шикаст мувоҷҷеҳ хоҳад шуд ва пойдорӣ ва муқовимати мо идома хоҳад дошт.

Вай гуфт: Мардуми Фаластин шикаст нахоҳанд хурд ва бо тамоми қувва ба ҳатаки ҳурамти Масҷидул Ақсо ва талош барои  густариши кантрол бар он посӯх хоҳанд дод.

Изҳороти сухангӯи Ҳамос дар ҳоле аст, ки Ҳилоил Аҳмари Фаластин бомдоди душанбе эълом кард, дар пайи юриши низомиёни саҳюнист, нерӯҳои муқовимати Фаластин ва ҷавонони фаластинӣ бо онҳо даргир  шуданд, ки бар асари он то кунун се ҷавони фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва шуморе низ захмӣ шуданд.