Май 30, 2023 09:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷибелӣ : Наҳзати эҷоди ривоятҳои муқовимат зарурати асосӣ аст

Раиси Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон роҳандозии наҳзате бо унвони наҳзати эҷоди ривоятҳо бо ҳадафи тарсими абъоди муқовимати Фаластин дар баробари саҳюнистҳоро зарурӣ донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Паймони Ҷибелӣ-раиси созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори Зиёд Нухола-дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар Бейрут бо табрики пирӯзии ахири муқовимати Фаластин дар баробари режими саҳюнистӣ, таҳмили шартҳои муқовимат бар ин режимро як пирӯзии бузург, мондагор ва дарсомӯз донист .
Ҷибелӣ хитоб ба Нухола таъкид кард : Пирӯзиҳои шумо рӯз ба рӯз бештар ва дар муқобил заъфи режими саҳюнистӣ беш аз гузашта ошкор мешавад.
Раиси Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба таҷрибаи муқовимати миллати Эрон дар баробари бахшҳои гуногуне аз душманиҳо гуфт : Ҳар қатраи хуни шуҳадо тазмине бар расидани Инқилоби исломӣ ба аҳдофаш аст.
Дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ бо таъкид бар инки ҷараёни муқовимат бо дарс гирифтан аз мактаби Имом Хумайнӣ ( раҳ ) масири мубориза бо душманонро идома медиҳад, гуфт : Неруҳои муқовимат дар майдони набард бо душмани саҳюнистӣ ҳамвора аз кумакҳои Ҷумҳурии исломии Эрон баҳраманд мешаванд .

 

Барчасп