Июн 07, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳамос ба захмӣ шудани як саҳюнист дар Наблус

Сухангӯи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) сешанбешаб дар вокуниш ба захмӣ шудани як саҳюнист дар Наблус гуфт, посух ба ҷиноёти режими ишғолгари ҳаққи табиии мардуми Фаластин аст.

Авихай Эдри, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ сешанбешаб гуфт, як саҳюнист бар асари тирандозӣ дар пости исту бозрасӣ дар ҷануби Наблус захмӣ шуд.

Бар асоси гузориши манобеи маҳаллӣ, омили тирандозӣ 12 гулӯла ба самти худрави саҳюнист шиллик карду муваффақ ба фирор шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳозм Қосим гуфт, тирандозӣ дар исти бозрасӣ таъйдкунандаи идомаи ҳамалоти неруҳои шуҷоъи муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ алайҳи марокизи терроризми саҳюнистӣ аст.

Вай афзуд, ҷиноёти ишғолгарон алайҳи мардуму муқаддасоти мо бо муқовимати бештар дар баробари артиши душман ва шаҳракнишинон мувоҷеҳ хоҳад шуд ва ин ҳаққи табии мардум мо аст.

 

Барчасп