Июн 11, 2023 11:39 Asia/Dushanbe
  • Эъломи натиҷаи нишасти гуруҳҳои фаластинӣ дар Миср
    Эъломи натиҷаи нишасти гуруҳҳои фаластинӣ дар Миср

Манобеъи фаластинӣ бархе натиҷаи ҳаракатҳои Миср барои тасбити оташбас дар навори Ғаза ва монеъшудан аз ташдиди даргириҳоро ошкор карданд.

Ба гузориши ИСНА ба нақл аз рузномаи Рай ал-Юм манобеъи огоҳи фаластинӣ эълом карданд: Қоҳира аз ҳеҷ талоши барои бастани парвандаи Ғаза ва монеъ шудан аз вуқуъи ҷанги ҷадиди дареғ накард, аммо то ба ин лаҳза талошҳояш мунҷар ба тавофуқи ҷидди дар оташбас нашуда аст ва ончи иттифоқ меафтад сирфан як тамдиди мувақат буда аст.

Ин манобеъ таъкид карданд: Дидорҳои фармондеҳи дастгоҳи иттилоъотии Миср бо раҳбарони ҳамос ва ҷиҳоди исломӣ дар Қоҳира дар бораи парвандаҳои муҳим ва ҳасос буд аммо дар бораи расидан ба як сохтор тавофуқи возеҳ натиҷа надошт ва далели он тарафи исроили ва иқдомоти таҳрикомези он аст.

Ҳайати аз дастгоҳҳои иттилоъотии Миср ахиран ба Исроил сафар ва дидорҳои бо масъулони онҷо дошт ва парандаҳои оташбас дар Ғаза ва натиҷаи музокирот бо раҳбарони гуруҳи фаластиниро барраси кард.

Ба гуфтаи ин манобеъ режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба дунболи як ҷанг зидди Ғаза аст ва ҳеҷ ваъдаи возеҳи ба тарафи мисрӣ дар бораи адами вуруд ба ҷанг надод балки таъкид кард, ки артиши ин режим ба ҳаргуна ҳамла ё иқдоми аз суи муқовимат посух дода ва омодаи ҷанги тулони бо гуруҳҳои Ғаза аст.

Ҳайатҳои ҳамос ва ҷиҳоди исломӣ дар нишастҳояшон дар Миср дар бораи оташбас ва беҳбуди вазъияти зиндагӣ дар Ғаза суҳбат карда ва бар пойбанди ба ваҳдати ҷебҳаҳо таъкид карданд.

Қарор аст нишасти дигари миёни раҳбарони ҳамсо ва ҷиҳоди исломӣ дар Берут баргузор шавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп