Июн 14, 2023 10:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳодӣ Ал Омирӣ: Эрон бародарона дар канори Ироқ истод

Раиси Эътилофи ал Фатҳи Ироқ дар паёме ба муносибати судӯри фатвои ҷиҳоди кафоӣ аз сӯи оятуллоҳ Систонӣ гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрону Ҳизбуллоҳи Лубнон бародарона дар канори миллати Ироқ истоданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  дар паёми Ҳодӣ Ал Омирӣ омадааст, Ҷумҳурии исломии Эрону Ҳизбуллоҳи Лубнон, беҳтарин неруҳо ва фармондеҳони худро дар ин ҷанг ба хотири миллати Ироқ фидо карданд.

Ал Омирӣ афзуд, Басиҷи мардумӣ самара ва натиҷа ва табалвури фатвои оятуллоҳ Систонӣ буд ва фарзандони фарҳанги Карбало ба ин фатво лаббайк гуфтанд ва барои дифо аз сарзамину муқаддасот ба сӯи майдон шитофтанд.

Вай аз давлати ин кишвар хост бо таваҷҷуҳ ба чолишҳои амниятӣ, монанди ҳузури бархе аносури гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, ба хостаҳо ва ниёзҳои Ал Ҳашдуш-Шаабӣ таваҷҷуҳ кунад ва ниёзҳои ин ниҳод, ки шойстагӣ ва ихлоси худро ба исбот рисонда, бавижа дар заминаи низомӣ ва таслеҳотӣ бароварда кунад.

 

Барчасп