Зиёд Нухола : Мардуми Фаластин намоди фидокорӣ дар роҳи Байтулмуқаддас ҳастанд
Дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин гуфт : Мардуми Фаластин намоди ҷонфишонӣ ва фидокорӣ ба ҳақ, Фаластин ва озодсозии Қудсу Масҷидулақсо боқӣ хоҳанд монд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории фаластинии Сафо, Зиёд Нухола изҳор кард : Шуҳадои ин сарзамин дар ин рӯзи муборак ва дар тамомии рӯзҳои мо ба манзалаи парчамҳои баланд ва унвонҳое боқӣ хоҳанд монд, ки дар масири мубораки мо ба самти Қудсу ҳаросат аз Масҷидулақсо фаромӯш намешаванд .
Дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин афзуд : Мардуми муҷоҳиди Фаластин бо фарзандони бузургу шуҷоъи худ барои рӯёрӯӣ бо ишғолгари саҳюнистӣ дар хоки мубораки Фаластин пешқадам ҳастанд .
Ин дар ҳоле аст, ки миллат ва гуруҳҳои муқовимати Фаластин ҳам таъарруз ва беҳурматӣ ба Масҷидулақсоро хати қирмизи худ таъйин карда ва то кунун ба ҳар гуна таҷовузгарии саҳюнистҳо посухи кӯбанда додаанд.