Июл 02, 2023 14:29 Asia/Dushanbe
  • Баргузории бистушашумин ҳафтаи тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғолӣ
    Баргузории бистушашумин ҳафтаи тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғолӣ

Сокинони сарзаминҳои ишғолӣ рузи шанбе барои бистушашумин ҳафтаи пай дар пай зидди Бенямин Нетаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ва тарҳи ислоҳоти қазоӣ вай тазоҳурот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, илова бар Тел-Авив манотиқи Кафор Сабо, Беэр Шева, Нетания, Гертслия, Ҳайфа ва Реховот низ саҳнаи эътирозот зидди Натаняҳу ва кобинаи режими саҳюнистӣ аст.

Дар 25 ҳафтаи гузашта даҳҳо шаҳр аз шимол то ҷануби фаластини ишғолӣ аз ҷумла Тел-Авив, Кафор Сабо, Беэр Шева, Ришон Летсия ва Гертслия саҳнаи тазоҳурот зидди кобинаи рости ифротии Натаняҳу ва ислоҳоти дастгоҳи қазоӣ режими саҳюнистӣ буд.

Дар тарҳи кобинаи Натаняҳу мавсум ба ислоҳоти қонуни қазоӣ аз ихтиёроти дастгоҳи қазо кам шуда ва дар муқобил қудрат ва ҷойгоҳи дастгоҳи иҷрокунанда ва дастгоҳи қонунгузори дар ин режим тақвият хоҳад шуд.

Барчасп