Мухолифати Натаняҳу бо тахир дар тасвиби лоиҳаи тағироти қазоӣ
(last modified 2023-07-11T14:01:43+00:00 )
Июл 11, 2023 19:01 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Натаняҳу бо тахир дар тасвиби лоиҳаи тағироти қазоӣ
    Мухолифати Натаняҳу бо тахир дар тасвиби лоиҳаи тағироти қазоӣ

Расонаҳои саҳюнистӣ аз мухолифати нахуствазири режими саҳюнистӣ бо тахир дар тасвиби лоиҳаи тағироти қазоӣ хабар доданд.

Талоши кобинаи ҳоким бар режими саҳюнистӣ барои тасалут бар дастгоҳи қазоӣ ин режим ва муқовимати эътилофи мухолифон дар маҷлис гусасти сиёсӣ дар ин режимро ташдид карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаластин Алявм шабакаи Кони режими саҳюнистӣ рузи сешанбе эълом кард Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ бо дархости Исҳоқ Ҳертзуг раиси режими саҳюнистӣ мабни бар тахир дар тасвиб ва иҷрои лоиҳаи тағироти қазоӣ мухолифат ва дар иҷрои он таъкид карда аст.

Аз суи дигар мақомоти аршад дар эътилофи кобинаи саҳюнистӣ таҳдид карданд агар мароҳили тасвиб ва иҷроӣ лоиҳаи тағиоти қазоӣ дубора мутавақиф шавад кобинаи Натаняҳу суқут хоҳад кард.

Барчасп