Июл 18, 2023 13:41 Asia/Dushanbe
  • Оғози эътирозот ва тазоҳуроти саросарӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ

Мухолифон ба тарҳи тағироти қазоӣ тавассути кабинаи Бинямин Натаняҳу рӯзи « эътироз » ва « ошӯб »-ро аз субҳи имрӯз сешанбе бо таҷаммуъҳои эътирозӣ дар муқобили сохтмонҳои амниятӣ ва молии сарзаминҳои ишғолӣ оғоз карданд.

Талоши кабинаи ҳоким бар режими саҳюнистӣ барои тасаллут бар дастгоҳи қазоии ин режим ва муқовимати эътилофи мухолифон дар кнессет боиси эътирози густардаи мухолифон ва ҳамчунин гусасти сиёсӣ дар кабина шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Фаластин алявм, шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, кумитаи баргузории тазоҳурот дар сарзаминҳои ишғолӣ субҳи имрӯз сешанбе ( 18 июли )  таҷаммуъҳои эътирозӣ таҳти унвони « рӯзи миллии мухолифон »ро нисбат ба раванди қонунгузории тарҳи тағироти қазоӣ тавассути кабинаи Бинёмин Натаняҳу оғоз карданд.
Ин кумита пештар эълом карда буд ин ҳафта ҳафтаи эътироз ва « рӯзи ошӯб » дар саросари сарзаминҳои ишғолӣ хоҳад буд .
Бар асоси ин гузориш тазоҳуроти густарда дар сарзаминҳои ишғолӣ бо ҳадафи эҷоди ихтилол дар бисёре аз истгоҳҳои қатор, ҳамлу нақли умумӣ пойгоҳҳои интерентӣ ва барномаҳои корбарӣ дар ҷараён аст ва муътаризон дар муқобили биноҳои ҳукуматӣ таҷаммуъ кардаанд.
Бисёре аз роҳҳои аслии Тел-Авив ва вурӯдии сохтмони вазорати ҷанг баста шуд ва мавҷи густардае аз эътирозҳо ба режими ишғолгар оғоз шудааст.
Муътаризон ба лоиҳаи ислоҳоти қазоӣ ҳадаф аз ин лоиҳаи кабинаи Натаняҳуро тазъифи дастгоҳи қазоии ин режим ва талоши Натаняҳу барои ҷилавгирӣ аз муҳокимаи худ ба далели се парвандаи фасоди молӣ ва ришвахорӣ медонанд ва муътақиданд, ки ин иқдомоти кабина  режими саҳюнистиро ба самти даргирӣ ва ҷанги дохилӣ ва фурӯпошии тадриҷӣ пеш хоҳад бурд.
 

 

Барчасп