Июл 22, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати навҷавони фаластинӣ ба зарби гулулаи саҳюнистҳо дар Ромуллоҳ

Бархе манобеъ аз шаҳодати як навҷавони фаластинӣ ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ дар шимоли Ромуллоҳ хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Фаластин алявм, низомиёни режими саҳюнистӣ ба рустои «Умми Сафо » дар шимоли Ромуллоҳ дар Каронаи бохтарии ишғолӣ юриш бурданд ва иқдом ба тирандозӣ ба самти аҳолӣ ва шиллеки гази ашковар ба самти онҳо карданд.
Бар пояи ин гузориш дар пайи ҳамалоти низомиёни режими саҳюнистӣ ба аҳолии рӯстои « Муҳаммад Албоиз-як навҷавони 17 солаи фаластинӣ ба шаҳодат расид .
Манобеи маҳаллӣ аз маҷрӯҳ шудани чанд фаластинии дигар дар ин даргириҳо хабар додаанд .
Аз сӯи дигар рӯзи ҷумъа низомиёни саҳюнист ба роҳпаймоикунандагони ҳафтагӣ алайҳи шаҳраксозӣ дар шарқи Қилқилия бо газҳои заҳрогин ҳамлавар шуданд.
 

 

Барчасп