Июл 25, 2023 14:46 Asia/Dushanbe
  • Тасовир / Санги тамоми яманиҳо дар дифоъ аз Қуръон ; Шветсия таҳрим шавад

Ҳазорон яманӣ дар Санъо барои маҳкӯмияти иҳонат ба Қуръони карим дар Аврупо ба хиёбон омаданд ва тазоҳурот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонманиҳо асри душанбеи Қуръон ба даст дар тазоҳуроти маҳкӯмияти Қуръонсӯзӣ дар Шветсияву Дания ширкат карданд ва шиори « марг бар Исроил » сар доданд.

Яманиҳо дар ин тазоҳурот иҷроӣ шудани сиёсати таҳрими сиёсӣ-тиҷории Шветсияро хостор шуданд. Тазоҳуркунандагони яманӣ ҳамчунин бар иттихози иқдомҳои муассир барои маҳкӯмияти ҷинояти Қуръонсӯзӣ ва посухгӯ кардани Шветсия ва дигар кишварҳои тавҳинкунанда ба Қуръони карим таъкид карданд.

Аҳмад Ҳомид-раиси дафтари Шӯрои олии сиёсии Яман дар гуфтугу бо хабарнигори Эронпресс дар Санъо таъкид кард,  мардуми Яман дар вокуниш ба ҳатки ҳурмати Қуръон мавзеи қотеъе гирифтанд ва Шветсияро таҳрими сиёсӣ ва тиҷорӣ карданд.

Ҳамдӣ Зиёд, яке аз раҳбарони фарҳангии ҷумбиши Ансоуллоҳи Яман низ дар ҷараёни тазоҳуроти маҳкӯмияти Қуръонсӯзӣ дар Санъо ба хабарнигор Эронпресс гуфтузури густардаи мардуми Яман дар ин тазоҳурот паёми равшане дорад ва яманиҳо Шветсияро таҳрими иқтисодӣ карданд .

Ин фаъоли фарҳангии Яман тасреҳ кард садои мардуми Яман дар дифо аз Қуръони карим ҳамеша баланд аст ва иҳонат ба муқаддасоти исломиро барнаметобанд ва хашмгин мешаванд. Яманиҳо суфӯфи воҳидеро дар тазоҳуроти маҳкӯмияти Қуръонсӯзӣ дар Шветсия шакл доданд ва дар ин тазоҳурот Қуръони каримро дар даст доштанд ва ба нишонаи эҳтирому иззати Ислом болои сар бурданд .

 

Барчасп