Эътирофи саудиҳо ба вуҷуди ҳазорон террористи шаҳрванди Арабистон дар минтақа
(last modified Mon, 26 Dec 2016 14:08:33 GMT )
Декабр 26, 2016 19:08 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи саудиҳо ба вуҷуди ҳазорон террористи шаҳрванди Арабистон дар минтақа

Вазорати дохилии Арабистон ба вуҷуди беш аз 2000 террористи саудӣ, дар Сурия ва дигар кишварҳои минтақа эътироф кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, бо вуҷуди омори ахири Вазорати дохилии Арабистон, ки ҳокӣ аз фаъолияти шумори зиёде аз шаҳрвандони саудӣ, дар гурӯҳкҳои террористӣ ва такфирӣ аст, мақомоти ин кишвар мекушанд бо камранг кардани ин омор, аз уфти ҷойгоҳи минтақаии Арабистон ҷилавгирӣ кунанд.

Вазорати дохилии Арабистон бо ифшои ҳабси даҳҳо шаҳрвандони саудӣ ба иттиҳоми иртибот доштан бо иқдомоти террористӣ фош кард, ҳудуди 2093 мусаллаҳ дар хориҷ аз ин кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи мухталиф пайвастаанд.

Бар асоси ин гузориш, Сурия бо миёнгини ҳудуд 70 дарсад аз кулли ин теъдод, дар садри феҳристи кишварҳое аст, ки ин афрод ба он сафар кардаанд.

Яман дар рутба дуввум, Афғонистон дар рутбаи сеюм ва Ироқ дар рутбаи охири ин кишварҳо қарор дорад.

Густариши мавҷи ифрот‎гароӣ бо барчасби Толибон, Алқоида ва акнун ДИИШ ва ҷабҳаи Аннусра, бароянди сиёсати манфиат‎талабонаи Арабистони Саудӣ дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо аз ҷумла Амрико аст, ки ҳар ду кишвар муддаии мубориза бо терроризм ҳастанд, аммо дар амал, ононро пуштибонӣ ме‎кунанд. Силоҳи амрикоӣ ва доллар саудӣ , аз мавонеи ҷиддӣ дар масири муборизаи воқеӣ бо терроризм дар минтақа аст.