Декабр 26, 2016 19:52 Asia/Dushanbe
  • Идомаи куштори мардуми Яман бо бомбҳои хушаӣ

Созмони дидабони ҳуқуқи башар, Арабистони Саудиро ба истифода аз бомбҳои хушаӣ дар куштори мардуми Яман муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории ал Олам, Созмони дидабони ҳуқуқи башар эълом кард, Арабистон шашуми декабри 2016 манотиқе аз шаҳри Саъдаи Яманро бо мушакҳои ҳовии муҳиммоти хушаӣ ҳадаф қарор додааст.

Бино бар эъломи ин созмон,ҳамлаи Арабистон ба Саъда як рӯз пас аз худдории Арабистон, Бразилия ва Амрико аз имзои Қонуни байналмилалии манъи истифода аз бомбҳои хушаӣ, сурат гирифт.

Бар асоси гузориши ин созмони байналмилалӣ, тиккаҳои боқимонда аз мушаки замин ба замини “Astros II” сохти Бразилия дар маҳалли исобати мушак пайдо шудааст. Созмони дидабони ҳуқуқи башар аз Арабистон хост, истифода аз бомбҳои хушаиро мутаваққиф кунад.

Созмони дидабони ҳуқуқи башар ва Созмони афви байналмилал, истифодаи Арабистон аз дастикам ҳафт навъи мухталифи бомб ва муҳиммоти хӯшаиро дар Яман сабт кардаанд.

Арабистон аз марти 2015 бо ҳадафи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат, ҳамалоти худро ба ин кишвар оғоз кардааст. Дар ин ҳамалот токунун ҳудуди 40 ҳазор яманӣ шаҳид ва захмӣ шуданд.