Август 06, 2023 10:40 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғолӣ
    Идомаи тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғолӣ

Сокинони сарзаминҳои ишғлоли бари сивуякумин шанбеи пай дар пай зидди Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ва тарҳи ислоҳоти қазоӣ вай тазоҳурот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА муътаризон бо сардодани шиъорҳои зидди кобинаи Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ хостори тавақуфи раванди тасвиби лоиҳаи тағироти қазоӣ шуданд.

Ба дунболи тасвиби қонуни лағви бурҳони маъқулияти дар порлумони режими ишғолгари саҳюнистӣ манотиқи мухталифи сарзаминҳои ишғоли монанди чанд моҳи гузашта саҳнаи тазоҳурот зидди он буда аст.

Кобинаи ҳоким бар режими ишғолгари саҳюнистӣ ахиран бо ҳимояти худ дар порлумон пешнависи қонуни лағви бурҳони маъқулиятро дар чочруби лоиҳаи тағироти қазоӣ тасвиб кард.

Тасвиби ин қонун нахустин гом дар масири коҳиши ихтиёроти дастгоҳи қазоӣ режими саҳюнистӣ аст.