Август 08, 2023 11:49 Asia/Dushanbe
  • Марги як низомии саҳюнист ба далели худсӯзӣ

Дар идомаи афзоиши омори худкушӣ дар миёни низомиёни режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе як сарбози режими саҳюнистӣ ба номи " Авери Донио " аз тариқи худсӯзӣ худкушӣ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Донио 10 моҳ пеш барои баррасии вазъияти худ ба вазорати артиш дархост дода буд, аммо барағми интизори тӯлонимуддат посухе дарёфт накард.
Худкушии Донио як рӯз пас аз худкушии Бори Халаф, дигар сарбози саҳюнист аз тариқи худсӯзӣ рух додааст. Бори Халаф пас аз он иқдом ба худкушӣ кардааст, ки артиши Исроил ӯро ба унвони маълул ба расмият нашинохта буд.
Хабари худсӯзии низомии режими саҳюнистӣ дар ҳоле мунташир шуд, ки расонаҳои режими саҳюнистӣ таи моҳҳои ахир аз афзоиши омори худкушӣ дар радаҳои мухталифи артиши ин режим сухан гуфтаанд ; амре ки нигаронии фармондеҳони низомии ин режимро ба ҳамроҳ доштааст .
Пеш аз ин Гертси Халеви-раиси Ситоди артиши режими саҳюнистӣ дар суханоне ба мавзӯи афзоиши омори худкушӣ дар миёни низомиёни саҳюнист пардохт ва ин иттифоқро як падидаи хатарноку душвор барои артиши ин режим арзёбӣ кард.
 

 

Барчасп