Август 10, 2023 19:36 Asia/Dushanbe
  • Юриши дубораи саҳюнистҳои тундрав ба Масҷидулақсо

Саҳюнистҳои ғосиб дар идомаи таҷовузгарии худ ба Масҷидулақсо ба ин макони муқаддас юриш бурда ва ба он беҳурматӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шуморе аз шаҳракнишинони тундрави саҳюнист бори дигар дар иқдоми таҳрикомез ва мутаҷовизона субҳи имрӯз панҷшанбе бо ҳимояти низомиёни режими саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо юриш бурданд.
Аз сӯи дигар идораи авқофи Қудс дар ин бора эълом кард саҳюнистҳои ишғолгар дар ин иқдом одобу русуми динӣ ва мазҳабии мавсӯм ба одоби « талмӯдӣ »-ро анҷом доданд; то бад-ин тартиб боиси таҳрик ва барафрӯхтани хашми мардуми Фаластин шаванд.
Дар муқобил гуруҳҳои мухталифи фаластинӣ низ дар вокуниш ба ин ҷинояти саҳюнистҳо ҳузури густардаи мардуми Фаластин дар Масҷидулақсо ва баргузории бошукӯҳи намози субҳ дар ин макони муқаддас дар рӯзи ҷумъа дар чорчӯби ноком гузоштани тарҳи саҳюнистҳо барои яҳудисозии онро хостор шуданд.



 

 

Барчасп