Идомаи дастгирии паноҳҷуён дар Туркия
(last modified Tue, 15 Aug 2023 09:38:46 GMT )
Август 15, 2023 14:38 Asia/Dushanbe
  • Идомаи дастгирии паноҳҷуён дар Туркия

Неруҳои амниятӣ ва горди соҳилии Туркия 72 паноҳҷуро дастгир карданд.

Расонаҳои Туркия ҳар рӯз ахборе аз дастгирӣ ва ё ихроҷи паноҳҷуён аз Туркия мунташир мекунанд; ин дар шароите аст, ки Анқара тавофуқе бо Иттиҳодияи Аврупо дорад, ки бар асоси он бояд паноҳҷуёнро дар Туркия искон диҳад.
Давлати Туркия пеш аз вуқуъи зилзилаи ахир дар 10 устони ин кишвар бо буҳрони иқтисодӣ рӯбарӯ шуда буд, ки пас аз ин зилзила бар буҳрони молии Туркия афзуда низ шудааст; бисёре аз нозирон ихроҷи густардаи паноҳҷуён аз ин кишварро берабт ба мавзӯ намедонанд.
Хабаргузории Анатолия дар гузорише дар ҳамин иртибот оварда ; неруҳои амниятии Туркия 42 табаъаи хориҷӣ аз кишварҳои Афғонистон, Покистон, Фаластин ва Мағриб, ки саъй дар тараддуд аз марзҳои ин кишварро доштанд  дастгир карда ва ба маркази муҳоҷират интиқол доданд.
Ҳамчунин неруҳои горди соҳилии Туркия низ 30 паноҳҷуро, ки 28 нафар аз онон табаъаи Яман ва ду тан табаъаи Судон буданд, дастгир карданд.

Бештар бихонед :