Ҳизбуллоҳ : Муқовимат, тазминкунандаи идомаи истихроҷи нафту газ аст
Нойиби раиси шӯрои иҷрои Ҳизбуллоҳ пас аз вуруди киштии ҳаффории нафту газ ба минтақаи блоки 9 дар обҳои соҳилии Лубнон таъкид кард: Муқовимат, тазминкунандаи идомаи истихроҷи нафту газ тавассути Лубнон аст.
Киштии иктишофӣ ва ҳаффории нафту гази Transocean Barents рӯзи чаҳоршанбе ( 16 август ) барои оғози фаъолиятҳои иктишофӣ ва ҳаффорӣ вориди минтақаи блоки 9 шуд .
Консорсиюми сеҷонибаи ҳаффорӣ дар блоки 9 таҳти раҳбарии ширкати Тотали Фаронса аст ; ин консорсиюм шомили Тотали Фаронса, ғӯли энержии Италия " АНЕ " ва ширкати энержии давлатии Қатар аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шайх Алӣ Даъмош-нойиби раиси шӯрои иҷрои Ҳизбуллоҳ дар бораи вуруди киштии ҳаффории нафту газ ба минтақаи " блоки 9 " дар обҳои соҳилии Лубнон гуфт : Тазмини воқеӣ барои идомаи ҳаффорӣ, иктишоф ва истихроҷи нафту газ тавофуқоту замонатҳои Амрико нест, балки ҳифзи ҳамаи аносири қудрат тавассути муқовимат аст, ки душман аз вокуниши он дар сурати ҳамла ё таъарруз ба ҳаққи Лубнон бим дорад .
Ин мақоми Ҳизбуллоҳ таъкид кард : Яке аз боризтарин мазоҳири пирӯзии ҷанги июли 2006 ; шикасти аҳдофи таҷовуз ва устувории миллати Лубнон, таассуби онҳо ба хок ва таъаҳҳуди қотеъи онҳо ба гузинаи муқовимат аст.