Август 26, 2023 10:15 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ҷавони фаластинӣ дар Ҷанин

Як ҷавони фаластинӣ, ки дар таҷовузи ахири режими саҳюнистӣ ба Ҷанин захмӣ шуда буд, ба шаҳодат расид.

Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Фаластин алявм, манбаи маҳаллӣ эълом кард Иззуддин Канъон, ҷавони фаластинии сокини шаҳраки « Ҷабаъ », ки дар ҷараёни таҷовузи ахири режими саҳюнистӣ ба Ҷанин дар моҳи майи гузашта захмӣ шуда буд,рӯзи ҷумъа ба шаҳодат расид.
Дар ин гузориш омадааст се шаҳрванди фаластинӣ дар ҳамлаи субҳи ҷумъаи низомиёни ишғолгар ба тазоҳуркунандагон дар минтақаи Малака дар шарқи Ғазза захмӣ шуданд ва низомиёни ишғолгари Қудс ба сӯи тазоҳуркунандагони бомбҳои газӣ шиллек карданд, ки бархе аз ин бомбҳо ба худравҳои имдодӣ бархурд кард.
Ҳамчунин ҳашт шаҳрванди фаластинӣ рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ишғолгарони саҳюнист ба намозгузорон дар Масҷидулақсо дар Қудси ишғолӣ захмӣ шуданд.



 

 

Барчасп