Нобудии махфигоҳи ДИИШ тавассути давлати Ироқ
Фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ аз нобудии махфигоҳҳои боқимондаи гуруҳҳои террористии ДИИШ дар минтақаи Каркук дар ҳамлаи ҳавоӣ ҷангандаҳои неруҳи ҳавои ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон фармондеҳи амалиёти муштараки Ироқ рузи сешанбе дар баёнияи эълом кард ҳавопаймоҳои эф 16 неруи ҳавоӣ ин кишвар ҳамлаи мувафақиятомезро зидди махфигоҳҳои гуруҳҳои террористии ДИИШ дар дашти Зағитун дар минтақаи Каракук анҷом доданд.
Фармондеҳи амалиёти муштаракаи Ироқ афзуд ҳамла бо ҳамоҳанги ва барномарезии воҳиди амалиёти фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ иҷро ва хисоратҳои зиёди ба боқимондаи гуруҳҳои террористии ДИИШ ворид шуд.
Ироқ дар соли 2017 мелодӣ пас аз се сол набард пируз бар гуруҳи террористии ДИИШ-ро эъмол кард аммо унсурҳо ва ҳастаҳои паркандаи ин гуруҳи террористӣ ҳануз дар бархе манотиқи устонҳои Диёла, Каркук, Салоҳиддин, Ал-Анбор ва Бағдод фаъол шуд ва неруҳои мусаллаҳи Ироқ дар ҳоли мубориза бо онҳо ҳастанд.