Сентябр 23, 2023 13:13 Asia/Dushanbe
  • Юриши шабонаи низомиёни саҳюнист ба шимоли Каронаи бохтарӣ

Низомиёни саҳюнист ба шаҳри Ноблус, воқеъ дар шимоли Каронаи бохтарӣ юриш бурданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, низомиёни саҳюнист дар паи юриш ба шаҳри Ноблус як худравро дар минтақаи Алмуъоҷин тавқиф карданд.
Манобеи маҳаллӣ эълом карданд неруҳои фаластинӣ бо бомбаҳои дастсоз неруҳои режими ишғолгари саҳюнистиро дар шаҳри Ноблус ҳадаф қарор доданд.
Дар ин гузориш омадааст низомиёни саҳюнист пеш аз вуруд ба шаҳри Ноблус посгоҳи исту бозрасии Байтфорик дар шарқи Ноблусро бастанд.
Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳамчунин дар рӯстои " Збоба " воқеъ дар ғарби шаҳри Ҷанин 2 ҷавони фаластиниро ба зарби гулӯла захмӣ карданд.
То пеш аз ин саҳюнистҳо фақат дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ ва дар минтақаи Ғазза бо фаластиниҳо даргир буданд, вале ҳамакнун Каронаи бохтарӣ дар шарқи Фаластин ба далели мусаллаҳ шудани ҷавонони он ба камингоҳе барои саҳюнистҳои буздил табдил шуда ва хоби роҳатро аз чашмони онҳо гирифтааст.
 

 

Барчасп