Октябр 06, 2023 18:45 Asia/Dushanbe
  • Неруҳои режими саҳюнистӣ шаҳри Қудсро ба як подгони низомӣ табдил карда ва дар сартосари ин шаҳр мустақар шудаанд
    Неруҳои режими саҳюнистӣ шаҳри Қудсро ба як подгони низомӣ табдил карда ва дар сартосари ин шаҳр мустақар шудаанд

Вазорати хориҷаи Арабистон иқдомоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дар Масҷидулақсоро маҳкум кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Русия алявм”, Вазорати хориҷаи Арабистон дар баёнияе эълом кард, мо аз иқдомоти масъулони исроилӣ, ки талошҳои байналмилалӣ барои таҳаққуқи сулҳро аз байн мебарад ва бо усулу қавонини байналмилалӣ дар бораи эҳтиром ба муқаддасоти динӣ муғоират дорад, мутаассиф ҳастем. Ин иқдомот таҷовузи ошкору ҷариҳадор кардани эҳсосоти мусулмонон дар ҷаҳон аст. Неруҳои исроилӣ масъулияти комили паёмадҳои идомаи ин иқдомоти таҷовузкоронаро бар ӯҳда доранд.

Вазорати хориҷаи Арабистон аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ба масъулиятҳои худ барои поён додан ба иқдомоти мутаҷовизонаи режими саҳюнистӣ ва фароҳам кардани ҳимояти лозим аз ғайринизомиёну талош барои поён додан ба ин низоъ амал кунад.

Ҳамзамон бо роҳпаймоиҳоии шаҳракнишинон ба муносибати иди Капур, неруҳои режими саҳюнистӣ шаҳри Қудсро ба як подгони низомӣ табдил карда ва дар сартосари ин шаҳр мустақар шудаанд.

 

Барчасп