Афзоиши теъдоди захмиҳои саҳюнистҳо дар амалиёти Туфони алақсо ба беш аз 1697 нафар
Октябр 08, 2023 10:36 Asia/Dushanbe
Манобеи саҳюнистии шомгоҳи шанбе эълом карданд теъдоди захмиҳои амалиёти Туфони алақсо ба 1697 нафар расида аст.
Ба гузориши ИРНА, вазъияти ҷисмии 285 тан аз маҷруҳони саҳюнисти бад гузориш шудааст.
Пештари теъдоди захмиҳо 1100 нафари эълом шуда буд.
Размандагони муқовимати Фаластини рузи шанбе амалиёти ҳамаҷониба ва бе назири худро аз ғазза зидди мавозиъи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз карданд амалиёте ки дар умри 75 солаи ишғолгарони ғосиб назир надошта ва саҳюнистҳоро дар шоки фуру бардааст.
Дар паии амалиёти муқовимати фаластини зидди режими саҳюнистии мавсӯм ба Туфони алақсо 300 саҳюнист то кунун кушта шудаанд.
Ҳамчунин ҳудуди 40 саҳюнист низ бо асорати гуруҳи муқовимати Фаластин дар омадаанд.