Октябр 11, 2023 17:27 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқномаи ҳамкориҳои муштараки амниятии Эрону Ироқ
    Тавофуқномаи ҳамкориҳои муштараки амниятии Эрону Ироқ

Раиси ҷумҳурии Ироқ дар дидори сафири Эрон дар Бағдод гуфт, ки тавофуқи амниятии имзошуда миёни ду тараф, баёнкунандаи мавзеи кишвараш дар мухолифат бо истифода аз хоки он барои ҳамла ба ҳар кишвари ҳамсоя аст.

Ба гузориши ИРНА, Абдуллатиф Рашид, раиси ҷумҳурии Ироқ рӯзи чаҳоршанбе мизбони Муҳамадкозим Оли Содиқ, сафири Эрон дар Бағдод буд.

Ду тараф дар ин дидор дар бораи равобити дуҷонибаи Бағдоду Теҳрон ва таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ карданд.

Раиси ҷумҳурии Ироқ бар лузуми ҳамоҳангиву ҳамкории муштарак дар парвандаҳову масоили дорои аҳамияти муштарак дар ростои таҳаққуқи амнияту субот ва тақвияти фурсатҳои сулҳ дар минтақа таъкид кард.

Бар асоси тавофуқномаи ҳамкориҳои муштараки амниятии Эрону Ироқ, ки 19 март дар Бағдод имзо шуд, Эрон таъкид дорад, ки бар асоси ин тавофуқ Ироқ бояд гурӯҳакҳои террористии таҷзияталаб дар марзҳои муштаракро халъи силоҳ кунад.

 

Барчасп