Идомаи ҳамалоти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба навори Ғазза
(last modified Thu, 12 Oct 2023 07:46:33 GMT )
Октябр 12, 2023 12:46 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба навори Ғазза
    Идомаи ҳамалоти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба навори Ғазза

Ҷангандаҳо ва тупхонаҳои режими саҳюнистӣ дар ҳоли анҷоми ҳамалоти шадиди ба манотиқи мухталифи дар навори Ғазза аз ҷумлаи шарқ, ғарб ва маркази ин минтақа ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, режими саҳюнистӣ дар идомаи ҷиноёти худ манотиқи маскуни дар марказ ва ғарби шаҳр Хон Юнус аз ҷумлаи наздики бемористони "Носир"-ро ҳадаф қарор дод. Дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба хонае дар минтақа "Алмаъсакар" воқеъ дар ғарби Хон Юнус 6 узви як хонивода ба шаҳодати расиданд.

Артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин аҳдофи дар минтақа "Ҳай алкромаҳ" дар Ғаззаро бомбаборон кард.

Аз суйи дигар шиноварҳои артиши режими ишғолгар дар ҳоли шиллеки гулулаҳои туб ба соҳили навор Ғазза ҳастанд.

Ёав Галант, вазири ҷанги Телавив бо дастури аъмоли муҳосираи ҳамаи ҷониба зидди навори Ғазза, вуруди ҳаргунаи ғизо, дору, сухт, барқ ва ҳатто об ба ин минтақаро мамнуъ кардааст.