Афзоиши омори низомиёни саҳюнист ба ҳалокати расида дар « Тӯфони Алақсо »
Артиши режими саҳюнистӣ аз ҳалокати фармондиҳи гардони 75 ва афзоиши омори низомиёни саҳюнист, ки дар ҷараёни амалиёти Тӯфони Алақсо ба ҳалокат расидаанд, хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алмаёдин, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ аз ҳалокати фармондеҳи гардони 75 дар ҷараёни амалиёти рӯзи гузаштаи неруҳои муқовимати Лубнон дар марзҳои муштарак хабар дод .Артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин асомии низомиёни саҳюнистии ҷадидиро, ки дар ҷараёни амалиёти Тӯфони Алақсо то кунӯн ба ҳалокат расидаанд мунташир ва эълом кард, омори низомиёни саҳюнистии ба ҳалокати расида дар амалиёти Тӯфони Алақсо ба 291 нафар мерасад. Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои ибризабон рӯзи гузашта ба нақл аз артиши режими саҳюнистӣ эълом карданд,ки ҳаддиақал 155 нафар дар асорати Ҳамос қарор доранд .Пеш аз ин манобеи саҳюнистӣ теъдоди усароро камтар эълом карда буданд. Дар айни ҳол ба назар мерасад, ки теъдоди усарои саҳюнистӣ дар кантроли гурӯҳҳои муқовимат бештар аз мизони эълом шуда тавассути артиш ишғолгар бошад.