Октябр 16, 2023 18:44 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофоти шадид миёни саҳюнистҳо дар бораи оғози амалиёти заминӣ алайҳи Ғазза

Манобеи ибрӣ аз ихтилофоти шадид миёни мақомоти саҳюнист дар бораи оғози амалиёти заминӣ алайҳи Ғазза хабар медиҳанд, ки далели аслии он нигаронӣ дар бораи такрори кобӯсҳои гузаштаи артиши режими саҳюнистӣ дар тақобул бо муқовимат аст.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, бо вуҷӯди эъломи ҳамлаи заминӣ алайҳи Ғазза, рӯзномаи исроилии Ҳоиюм имрӯз (душанбе) дар гузорише аз ихтилофоти шадид миёни мақомоти сиёсӣ ва низомии саҳюнист дар бораи оғози амалиёти заминӣ алайҳи Навори Ғазза навишт.

Бар ин асос, мақомоти саҳюнист, ки мухолифи амалиёти заминӣ алайҳи Ғазза ҳастанд, далели аслии мухолифати худро нигаронӣ аз осебҳои шадид алайҳи артиши режими саҳюнистӣ дар сӯрати иҷрои чунин иқдоме медонанд.

Бавижа инки бояд дар назар дошт артиши режими саҳюнистӣ ҳануз аз кобӯси рӯёрӯии заминӣ бо муборизони муқовимати Фаластину Лубнон дар солҳои 2014 ва 2006, ки бо шикастҳои сангину муфтазаҳонаи онҳо ҳамроҳ буда, хориҷ нашудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта низ расонаҳои ибрӣ аз лағви ҷаласаи кабинаи амниятии режими саҳюнистӣ бо мавзӯи ҷанги Ғазза хабар доданд.

 

Барчасп