Истиқболи Зариф ва Лавров аз барқарории оташбас дар Сурия
Вазирони умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия аз барқарории оташбаси фарогир дар Сурия истиқбол карданд.
Сергей Лавров ва Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи панҷшанбе дар тамоси телефонӣ дар бораи охирин таҳаввулоти Сурия гуфтугӯ ва табодули назар карданд. Вазирони умури хориҷии Эрону Русия дар ин тамос телефонӣ бо истиқбол аз барқарории оташбаси фарогир дар Сурия ба зарурати идомаи мубориза бо терроризм, гурӯҳҳои террористии ДИИШ, “Ҷабҳат-ун-нусра” ва гурӯҳҳои вобаста ба онон таъкид карданд. Вазирони умури хориҷии Эрону Русия тавофуқ карданд, дар чорчӯби ҳамкории сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия барои баргузории гуфтугӯҳои Ҳукумати Сурия ва мухолифон дар Остонаи Қазоқистон ҳамоҳангӣ ва ройзании доимӣ дошта бошанд.
Ситоди кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия рӯзи панҷшанбе бо судури баёнияе эълом кард, аз бомдоди 30-юми декабр, ба вақти маҳаллӣ, ҳама иқдомоти низомӣ дар ин кишвар мутаваққиф хоҳад шуд. Ин ситод таъкид кард, тавофуқи оташбас гурӯҳҳои террористи ДИИШ, “Ҷабҳат-ун-нусра” ва ҳамаи гурӯҳҳои вобаста ба онҳоро шомил намешавад.